This article is from the source 'guardian' and was first published or seen on . It last changed over 40 days ago and won't be checked again for changes.
You can find the current article at its original source at https://www.theguardian.com/cities/2017/oct/20/dushanbe-soviet-architecture-tajik-translation
The article has changed 4 times. There is an RSS feed of changes available.
Version 2 | Version 3 |
---|---|
Душанбеи харобшаванда: чӣ гуна собиқ шаҳри Сталинобод аз гузаштаҳои шӯравии тоза мегардад | Душанбеи харобшаванда: чӣ гуна собиқ шаҳри Сталинобод аз гузаштаҳои шӯравии тоза мегардад |
(about 1 month later) | |
“Замоне ин фурӯшгоҳ яке аз зеботарин сохтмонҳои шаҳр ба шумор мерафт.” – Ин ҳарфест, ки рӯзноманигор Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, дар ҳоле ки ба сохтмони куҳнаи фурӯшгоҳе чашм дӯхтааст - сохтмоне, ки акнун дар баробари бурҷҳои наву осмонхарош ранг бохтааст. Ӯ замоне дар Душанбе мезист ва соли 1995 шаҳрро тарк кард. Аз ҳудуди даҳ сол пеш дубора ба пойтахт рафтуомад мекунад. Ӯ аз дигаргуниҳое, ки то ҳол дар Душанбе рух дода, шигифтзада аст. Аммо нисбат ба ин тағйирот назари мусбат дорад. Мегӯяд, - “Душанбе бакуллӣ иваз шудааст, сокинонаш бояд ба ин ифтихор кунанд.” | “Замоне ин фурӯшгоҳ яке аз зеботарин сохтмонҳои шаҳр ба шумор мерафт.” – Ин ҳарфест, ки рӯзноманигор Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, дар ҳоле ки ба сохтмони куҳнаи фурӯшгоҳе чашм дӯхтааст - сохтмоне, ки акнун дар баробари бурҷҳои наву осмонхарош ранг бохтааст. Ӯ замоне дар Душанбе мезист ва соли 1995 шаҳрро тарк кард. Аз ҳудуди даҳ сол пеш дубора ба пойтахт рафтуомад мекунад. Ӯ аз дигаргуниҳое, ки то ҳол дар Душанбе рух дода, шигифтзада аст. Аммо нисбат ба ин тағйирот назари мусбат дорад. Мегӯяд, - “Душанбе бакуллӣ иваз шудааст, сокинонаш бояд ба ин ифтихор кунанд.” |
Душанбе рустое бо чанд ҳазор ҷамъият буд, ки соли 1924 пойтахт эълом шуд. Аз он замон пайваста дар ҳоли тавсеъаю тараққӣ буда ва дар ин авохир ба суръати бештаре рушд мекунад. Бар асоси тарҳи нави бозсозии Душанбе, ки батозагӣ аз сӯи мақомоти тоҷик тасвиб шуд, интизор меравад қаламрави шаҳр то соли 2030 се баробар ва ҷамъияташ аз болои 800 ҳазор то ба 1,2 милюн нафар афзоиш ёбад. | Душанбе рустое бо чанд ҳазор ҷамъият буд, ки соли 1924 пойтахт эълом шуд. Аз он замон пайваста дар ҳоли тавсеъаю тараққӣ буда ва дар ин авохир ба суръати бештаре рушд мекунад. Бар асоси тарҳи нави бозсозии Душанбе, ки батозагӣ аз сӯи мақомоти тоҷик тасвиб шуд, интизор меравад қаламрави шаҳр то соли 2030 се баробар ва ҷамъияташ аз болои 800 ҳазор то ба 1,2 милюн нафар афзоиш ёбад. |
Ба назари наслҳои оянда чунин мерасад ки, таърих аз ҳамин рӯзҳо оғоз шуда, дар гузашта мо ҳеҷ чиз надоштем | Ба назари наслҳои оянда чунин мерасад ки, таърих аз ҳамин рӯзҳо оғоз шуда, дар гузашта мо ҳеҷ чиз надоштем |
Ҳамакнун шаҳр ҳам ба боло қад мекашад ва ҳам ба атроф доман паҳн мекунад. Дар ин шаҳр, ки замоне Истолинобод (ё шаҳри Истолин) ном дошт, акнун биноҳои сохташуда дар даврони Шӯравӣ тахриб ва ба ҷои онҳо имратҳои баландошёна ва осмонхарош бунёд мешаванд. Боғҳо тармим ва роҳҳо васеътар мешаванд, бозорҳои қадимӣ ҷои худро ба фурӯшгоҳҳои наву замонавӣ медиҳанд. | Ҳамакнун шаҳр ҳам ба боло қад мекашад ва ҳам ба атроф доман паҳн мекунад. Дар ин шаҳр, ки замоне Истолинобод (ё шаҳри Истолин) ном дошт, акнун биноҳои сохташуда дар даврони Шӯравӣ тахриб ва ба ҷои онҳо имратҳои баландошёна ва осмонхарош бунёд мешаванд. Боғҳо тармим ва роҳҳо васеътар мешаванд, бозорҳои қадимӣ ҷои худро ба фурӯшгоҳҳои наву замонавӣ медиҳанд. |
Ҳафтае пеш бозори Шоҳмансур, ки бо номи “Зелёний” маъруф буд, ба дастури шаҳрдорӣ баста шуд. Дар фосилае наздик ба он фурӯшгоҳи Ашан мавҷуд аст, ки моҳи июни соли гузашта боз шуд ва нахустин маркази харид дар Душанбе маҳсуб мешавад. | Ҳафтае пеш бозори Шоҳмансур, ки бо номи “Зелёний” маъруф буд, ба дастури шаҳрдорӣ баста шуд. Дар фосилае наздик ба он фурӯшгоҳи Ашан мавҷуд аст, ки моҳи июни соли гузашта боз шуд ва нахустин маркази харид дар Душанбе маҳсуб мешавад. |
Бозори “Баракат”, ки аз куҳантарин бозорҳои Душанбе ба шумор мерафт, чанд сол пеш бар замин ҳамвор шуд ва дар ҷои он сохтмони нави Осорхонаи миллӣ қомат афрохт. | Бозори “Баракат”, ки аз куҳантарин бозорҳои Душанбе ба шумор мерафт, чанд сол пеш бар замин ҳамвор шуд ва дар ҷои он сохтмони нави Осорхонаи миллӣ қомат афрохт. |
Чанде пеш мақомот ба тахриби бинои собиқи шаҳрдорӣ оғоз карданд, то ҷои он пойдевори бинои нави порлумонро гузоранд. Ин сохтмон дар хиёбони Рудакӣ ва дар наздикии майдони “Дӯстӣ” воқеъ буд – ҷое ки муҷассамаи Ленин дар тазоҳуроти зиддишӯравии соли 1991 вожгун карда шуд. Ҷанубтар аз он, осмонхароше ба ҷои бинои собиқи почтаи марказӣ қад алам мекунад. | Чанде пеш мақомот ба тахриби бинои собиқи шаҳрдорӣ оғоз карданд, то ҷои он пойдевори бинои нави порлумонро гузоранд. Ин сохтмон дар хиёбони Рудакӣ ва дар наздикии майдони “Дӯстӣ” воқеъ буд – ҷое ки муҷассамаи Ленин дар тазоҳуроти зиддишӯравии соли 1991 вожгун карда шуд. Ҷанубтар аз он, осмонхароше ба ҷои бинои собиқи почтаи марказӣ қад алам мекунад. |
Тибқи нақшаи ислоҳшудаи шаҳрсозӣ, як “шаҳри нави” бузурге дар ҳаволии ҷануби пойтахт, дар миёндуоби рӯдҳои Варзоб ва Кофарниҳон, бунёд хоҳад шуд. Бо бурҷҳои осмонхароши беш аз 30 ошёна ва хеле баландтар аз бурҷи дуқулуи 23-табақае, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст ва ҳоло баландтарин сохтмон дар Душанбе маҳсуб мешавад. | Тибқи нақшаи ислоҳшудаи шаҳрсозӣ, як “шаҳри нави” бузурге дар ҳаволии ҷануби пойтахт, дар миёндуоби рӯдҳои Варзоб ва Кофарниҳон, бунёд хоҳад шуд. Бо бурҷҳои осмонхароши беш аз 30 ошёна ва хеле баландтар аз бурҷи дуқулуи 23-табақае, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст ва ҳоло баландтарин сохтмон дар Душанбе маҳсуб мешавад. |
Дар қисмати ғарбии шаҳр сохтмони нахустин фарозроҳ ё эстакада идома дорад. Қарор аст ин тарҳ то поёни соли 2018 ба анҷом бирасад. Мақомот мегӯянд то соли 2025 сохтмони 20 адад аз чунин фарозроҳҳо дар Душанбе дар назар гирифта шудааст. Ҳамон сол сохтмони нахустин истгоҳҳои метро ҳам оғоз хоҳад шуд. | Дар қисмати ғарбии шаҳр сохтмони нахустин фарозроҳ ё эстакада идома дорад. Қарор аст ин тарҳ то поёни соли 2018 ба анҷом бирасад. Мақомот мегӯянд то соли 2025 сохтмони 20 адад аз чунин фарозроҳҳо дар Душанбе дар назар гирифта шудааст. Ҳамон сол сохтмони нахустин истгоҳҳои метро ҳам оғоз хоҳад шуд. |
Бисёре аз ҷавонон, бавижа донишҷӯёне, ки аз манотиқи дигар барои таҳсил ба Душанбе омадаанд, мегӯянд, ки аз тарҳи нави бозсозии шаҳр розиянд. Хонуме, ки худро бо номи мустаъори Чаманоро муаррифӣ кард, мегӯяд, ки Душанбе бояд навсозӣ шавад, то худро бо воқеъиятҳои қарни 21 вифқ бидиҳад. | Бисёре аз ҷавонон, бавижа донишҷӯёне, ки аз манотиқи дигар барои таҳсил ба Душанбе омадаанд, мегӯянд, ки аз тарҳи нави бозсозии шаҳр розиянд. Хонуме, ки худро бо номи мустаъори Чаманоро муаррифӣ кард, мегӯяд, ки Душанбе бояд навсозӣ шавад, то худро бо воқеъиятҳои қарни 21 вифқ бидиҳад. |
Ӯ мегӯяд: “Баъзе аз ин биноҳо хеле куҳна шудаанд ва таъмирашон ҳам имконпазир нест – онҳо арзиши торихӣ ҳам надоранд. Беҳтар аст вайрон кунанду ба ҷояшон биноҳои наву замонавӣ ва зебо созанд. Шаҳр бояд тароват ва ҷони тоза бигирад.” | Ӯ мегӯяд: “Баъзе аз ин биноҳо хеле куҳна шудаанд ва таъмирашон ҳам имконпазир нест – онҳо арзиши торихӣ ҳам надоранд. Беҳтар аст вайрон кунанду ба ҷояшон биноҳои наву замонавӣ ва зебо созанд. Шаҳр бояд тароват ва ҷони тоза бигирад.” |
“Муҳим аст, ки шаҳр иваз мешавад ва биноҳои баландошёна қад мекашанд,” – ин ҳарфест, ки Кароматулло, донишҷӯи яке аз донишгоҳои Душанбе, мегӯяд. “Аҳолии кишвар афзоиш меёбад ва мо бояд пешрафт кунем,... мисли кишварҳои дигар. Ин сохтмонҳо нишонаи пешрафту тараққиёт ҳастанд.” | “Муҳим аст, ки шаҳр иваз мешавад ва биноҳои баландошёна қад мекашанд,” – ин ҳарфест, ки Кароматулло, донишҷӯи яке аз донишгоҳои Душанбе, мегӯяд. “Аҳолии кишвар афзоиш меёбад ва мо бояд пешрафт кунем,... мисли кишварҳои дигар. Ин сохтмонҳо нишонаи пешрафту тараққиёт ҳастанд.” |
Аммо на ҳама бо ин назарот мувофиқанд. Бархе аз сокинони Душанбе - бавижа бузургсолоне, ки дилашон барои гузаштаи шаҳр танг мешавад, ва ё касоне, ки аз тавсеъаи иқтисодии кишвар баҳраи чандоне оидашон намешавад, - тарҳи нави шаҳрсозиро талоше барои сутурдани осори меъмории Шӯравӣ аз хотирот медонанд. | Аммо на ҳама бо ин назарот мувофиқанд. Бархе аз сокинони Душанбе - бавижа бузургсолоне, ки дилашон барои гузаштаи шаҳр танг мешавад, ва ё касоне, ки аз тавсеъаи иқтисодии кишвар баҳраи чандоне оидашон намешавад, - тарҳи нави шаҳрсозиро талоше барои сутурдани осори меъмории Шӯравӣ аз хотирот медонанд. |
‘Шаҳри Сталин’ | ‘Шаҳри Сталин’ |
Нависанда Абдуқодири Рустам бар ин бовар аст, ки ин ҳама шитоби сарсомовар дар сохтусоз ношӣ аз ҳирси сарват аст, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, ин дигаргуниҳо асароти нумодине ҳам дорад. | Нависанда Абдуқодири Рустам бар ин бовар аст, ки ин ҳама шитоби сарсомовар дар сохтусоз ношӣ аз ҳирси сарват аст, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, ин дигаргуниҳо асароти нумодине ҳам дорад. |
“Фикр мекунам, ҳадаф шустани хотираи мардум аст,” - ӯ мегӯяд. ”Бар наслҳои оянда ин тасаввур даст хоҳад дод, ки торих аз ин давра оғоз мешавад, гӯё мо қаблан чизе надоштем. Яъне мехоҳанд гӯшзад кунанд, ки ‘ҳарчи ҳаст, чи шаҳру чи кишвар, мо сохтем, пеш аз ин чизе набуд.” | “Фикр мекунам, ҳадаф шустани хотираи мардум аст,” - ӯ мегӯяд. ”Бар наслҳои оянда ин тасаввур даст хоҳад дод, ки торих аз ин давра оғоз мешавад, гӯё мо қаблан чизе надоштем. Яъне мехоҳанд гӯшзад кунанд, ки ‘ҳарчи ҳаст, чи шаҳру чи кишвар, мо сохтем, пеш аз ин чизе набуд.” |
Дарвоқеъ, нахустин санади шаҳрсозии Душанбе соли 1927 тасвиб шуд, замоне ки ҳанӯз рустое бо шаш ҳазор ҷамъият буд. Ду сол баъд, ин рустои табдилшуда ба шаҳр номи Истолинободро гирифт – номе, ки то соли 1960 бо худ дошт. | Дарвоқеъ, нахустин санади шаҳрсозии Душанбе соли 1927 тасвиб шуд, замоне ки ҳанӯз рустое бо шаш ҳазор ҷамъият буд. Ду сол баъд, ин рустои табдилшуда ба шаҳр номи Истолинободро гирифт – номе, ки то соли 1960 бо худ дошт. |
Бархе аз сохтмонҳои умдаи Душанбе дар даҳаҳои 1930 ва 40 бунёд шудаанд. Аз ҷумла Теотри уперо ва болеи Айнӣ ва Кохи раёсати ҷумҳурии пешин. Ин кох замоне қароргоҳи кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд ва ҳоло дафтари муваққатии Рустами Эмомалӣ (писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон), шаҳрдори Душанбе, аст. Нигарониҳое аз тахриби эҳтимолии ин бино ҳам вуҷуд дорад. | Бархе аз сохтмонҳои умдаи Душанбе дар даҳаҳои 1930 ва 40 бунёд шудаанд. Аз ҷумла Теотри уперо ва болеи Айнӣ ва Кохи раёсати ҷумҳурии пешин. Ин кох замоне қароргоҳи кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон буд ва ҳоло дафтари муваққатии Рустами Эмомалӣ (писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон), шаҳрдори Душанбе, аст. Нигарониҳое аз тахриби эҳтимолии ин бино ҳам вуҷуд дорад. |
Ҳарду бино дар нақшаи нави бозсозии шаҳр то ҳадде таҳти ҳифозат қарор гирифтаанд. Онҳо аз ҷумлаи 15 сохтмоне ташхис дода шудаанд, ки дорои аҳаммияти торхию фарҳангӣ буда ва ба ҳеч ваҷҳ набояд тахриб шаванд. Ин феҳрист бинои чойхонаи «Роҳат», толори Филормунии давлатӣ (ки ҳоло ба телевизиюни “Сафина” таъаллуқ дорад), ва Кохи «Ваҳдат»-ро низ, ки ҳамагӣ дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, дар бар мегирад. | Ҳарду бино дар нақшаи нави бозсозии шаҳр то ҳадде таҳти ҳифозат қарор гирифтаанд. Онҳо аз ҷумлаи 15 сохтмоне ташхис дода шудаанд, ки дорои аҳаммияти торхию фарҳангӣ буда ва ба ҳеч ваҷҳ набояд тахриб шаванд. Ин феҳрист бинои чойхонаи «Роҳат», толори Филормунии давлатӣ (ки ҳоло ба телевизиюни “Сафина” таъаллуқ дорад), ва Кохи «Ваҳдат»-ро низ, ки ҳамагӣ дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, дар бар мегирад. |
Бо ин ҳол, биноҳои дигаре, чун теотри Маяковскӣ ва синемо (кинотеатр)-и Ҷомӣ бо вуҷуди мухолифатҳои густарда ба замин ҳамвор карда шуданд. | Бо ин ҳол, биноҳои дигаре, чун теотри Маяковскӣ ва синемо (кинотеатр)-и Ҷомӣ бо вуҷуди мухолифатҳои густарда ба замин ҳамвор карда шуданд. |
Дар як тумори онлойнӣ, ки аз сӯи садҳо нафар дар баҳори 2016 имзо шуд, чунин омадааст: “Имрӯз, ҳангоме ки тамоми мардуми ҷаҳон барои ҳифзи қисматҳои торихии шаҳрҳо кӯшиш мекунанд, мо ҳақ надорем ончи падарону падарбузургонамон сохтаанд, аз байн барем. Инҳо иморатҳои холӣ нестанд, балки торихи мо ҳастанд.” | Дар як тумори онлойнӣ, ки аз сӯи садҳо нафар дар баҳори 2016 имзо шуд, чунин омадааст: “Имрӯз, ҳангоме ки тамоми мардуми ҷаҳон барои ҳифзи қисматҳои торихии шаҳрҳо кӯшиш мекунанд, мо ҳақ надорем ончи падарону падарбузургонамон сохтаанд, аз байн барем. Инҳо иморатҳои холӣ нестанд, балки торихи мо ҳастанд.” |
Яке аз мушкилоти умда ноҳамгуниест, ки байни феҳристи биноҳои торихии зикршуда дар нақшаи шаҳрсозӣ ва феҳристи миллии мероси фарҳангӣ вуҷуд дорад. Аз понздаҳ бинои ҳифозатшуда дар нақшаи бозсозии шаҳр танҳо чаҳор бино дар феҳристи мероси миллии Вазорати фарҳанг сабт шудаанд. Ин феҳрист охирин бор соли 1971 таҳия шудааст. | Яке аз мушкилоти умда ноҳамгуниест, ки байни феҳристи биноҳои торихии зикршуда дар нақшаи шаҳрсозӣ ва феҳристи миллии мероси фарҳангӣ вуҷуд дорад. Аз понздаҳ бинои ҳифозатшуда дар нақшаи бозсозии шаҳр танҳо чаҳор бино дар феҳристи мероси миллии Вазорати фарҳанг сабт шудаанд. Ин феҳрист охирин бор соли 1971 таҳия шудааст. |
То замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бештари аҳолии Душанберо русҳо ва муҳоҷирони русизабоне ташкил медоданд, ки аз дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин гӯшаи дуруфтодаи ин имперотурии бузург ҳамчун мутахассис фиристода мешуданд. | То замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бештари аҳолии Душанберо русҳо ва муҳоҷирони русизабоне ташкил медоданд, ки аз дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин гӯшаи дуруфтодаи ин имперотурии бузург ҳамчун мутахассис фиристода мешуданд. |
Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ аксари онҳо Тоҷикистонро тарк карданд. Пас аз он, ки ҳукумати нав зимоми умурро дар даст гирифт, мардуми зиёде аз манотиқи рустоӣ – бавижа аз вилояти Хатлон – ба Душанбе кӯчиданд. Ин мавҷи тоза аз муҳоҷират ба шаҳр таркиби ҷамъиятии онро бакуллӣ тағйир дод. | Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ аксари онҳо Тоҷикистонро тарк карданд. Пас аз он, ки ҳукумати нав зимоми умурро дар даст гирифт, мардуми зиёде аз манотиқи рустоӣ – бавижа аз вилояти Хатлон – ба Душанбе кӯчиданд. Ин мавҷи тоза аз муҳоҷират ба шаҳр таркиби ҷамъиятии онро бакуллӣ тағйир дод. |
“Масъала ин аст, ки ҷамъи касире аз аҳолии шаҳр аз инҷо рафтанд,” – пажӯҳишгари торих, Ғафур Шерматов, мегӯяд. ”Барои навомадагон, бавижа касоне, ки зимоми умурро дар даст доранд, шаҳр аз чандон аҳаммияте бархурдор нест. Онҳо дар инҷо бузург нашудаанд ва ин эҳсосро надоранд. Моиланд фақат мероси худашонро боқӣ гузоранд.” | “Масъала ин аст, ки ҷамъи касире аз аҳолии шаҳр аз инҷо рафтанд,” – пажӯҳишгари торих, Ғафур Шерматов, мегӯяд. ”Барои навомадагон, бавижа касоне, ки зимоми умурро дар даст доранд, шаҳр аз чандон аҳаммияте бархурдор нест. Онҳо дар инҷо бузург нашудаанд ва ин эҳсосро надоранд. Моиланд фақат мероси худашонро боқӣ гузоранд.” |
Исфандиёр Одина дар шӯъбаи форсии ББС кор мекунад. | Исфандиёр Одина дар шӯъбаи форсии ББС кор мекунад. |
Cities | Cities |
Secret Stans | Secret Stans |
South and Central Asia | South and Central Asia |
Architecture | Architecture |
features | features |
Share on Facebook | Share on Facebook |
Share on Twitter | Share on Twitter |
Share via Email | Share via Email |
Share on LinkedIn | Share on LinkedIn |
Share on Pinterest | Share on Pinterest |
Share on Google+ | Share on Google+ |
Share on WhatsApp | Share on WhatsApp |
Share on Messenger | Share on Messenger |
Reuse this content | Reuse this content |